ИҚДОМОТИ СУЛҲОФАРИНИ ТОҶИКИСТОН- САҲМИ АРЗАНДА ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ
Қабули қатъномаи нави Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, яке аз рӯйдодҳои муҳими сиёсиву дипломатии солҳои охир ба шумор меравад. Ин дастоварди таърихӣ бори дигар нишон дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати сулҳпарвару ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ мақоми шоиста дорад.
Сулҳ арзишмандтарин неъмати зиндагии инсон мебошад. Танҳо дар фазои сулҳу субот ҷомеа метавонад рушд намояд, илму маориф пешрафт кунад ва мардум бо хотири ҷамъ ба бунёдкориву созандагӣ машғул гарданд. Мардуми Тоҷикистон ин ҳақиқати бузургро бо тамоми ҳастии худ дарк намудаанд, зеро солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Маҳз бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар барқарор гардида, Тоҷикистон ба роҳи рушди устувор қадам гузошт.
Имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун намунаи муваффақи ҳалли низоъҳо эътироф шудааст. Аз ин рӯ, ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба эълони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» идомаи мантиқии сиёсати сулҳҷӯёна ва инсонпарваронаи давлат ба ҳисоб меравад.
Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамкории байни давлатҳо мебошад. Ҷаҳони имрӯз бо таҳдидҳои зиёде, аз ҷумла ҷангҳо, терроризм, ифротгароӣ, тағйирёбии иқлим ва мушкилоти иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Дар чунин шароит ташаббусҳое, ки мардум ва давлатҳоро ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекунанд, аҳаммияти бузурги байналмилалӣ доранд.
Қабули ин қатънома аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид бозгӯи он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати хориҷии Тоҷикистон эътимод дорад ва ташаббусҳои онро дар самти таҳкими сулҳу амният дастгирӣ менамояд. Ин дастовард обрӯ ва нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бурда, исбот намуд, ки Тоҷикистон метавонад дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои муҳими ҷаҳонӣ саҳми арзанда гузорад.
Дар баробари ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва рушди устувор, имрӯз масъалаи таҳкими сулҳ низ ҳамчун самти муҳими фаъолияти дипломатии Тоҷикистон мавқеи хоса касб намудааст. Ин ҳама аз сиёсати дурбинона ва масъулиятшиносии роҳбарияти давлат нисбат ба ояндаи башарият шаҳодат медиҳад.
Барои ҷавонони тоҷик қабули ин қатънома аҳаммияти махсус дорад. Насли ҷавон бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва дӯстии халқҳо тарбия ёбад. Маҳз ҷавонон идомадиҳандаи роҳи созандагӣ буда, вазифадоранд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун муқаддастарин дастоварди миллат ҳифз намоянд.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд аз чунин дастовардҳои ватани худ ифтихор намояд. Ин муваффақият танҳо дастоварди дипломатия нест, балки ифодаи сиёсати сулҳпарваронаи давлати тоҷикон ва ормонҳои неки миллати мо мебошад. Вақте ки ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ меёбад, ҳар як фарди ватандӯст ҳисси масъулияти бештарро нисбат ба ободӣ ва пешрафти Ватан эҳсос мекунад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» саҳифаи нави муваффақиятҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ин иқдоми созанда собит сохт, ки сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистон, балки ба нафъи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ равона гардидааст.
Мо, ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз чунин дастовардҳои бузурги ватани азизи худ ифтихор намуда, вазифадорем барои ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони маҳбуб содиқона хизмат намоем. Зеро сулҳ пояи зиндагии осоишта, рушду тараққиёт ва ояндаи дурахшони ҳар як миллат мебошад.
Тоҷикистон имрӯз бо сиёсати созанда ва ташаббусҳои ҷаҳонии худ ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва пешоҳанги ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ҷаҳон шинохта мешавад ва ин боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди ватандӯст аст.
Назира Инъомзода,
муовини директор оид ба тарбияи
Донишкада политехникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд