МИЗИ МУДАВВАР: ҚАБУЛИ ҚАТЪНОМАИ ТАЪРИХИИ СММ- ИФТИХОРИ МИЛЛАТ
Санаи 26.06.2026 сол дар толори Шурои олимони донишкада мизи мудаввар ба муносибати қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ки бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ҳамоиш баргузор шуд.
Нахуст, Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ пешкаши аҳли нишаст гардид.
Муовини директор оид ба таълим Мазбут Ҳолиқзода мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки шоми 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро аз рӯи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, 2027-2036” қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд.
Тибқи муқаррароти ин санад, Маҷмаи Умумӣ солҳои 2027-2036-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда эълон кардааст. Ҳадафҳои асосии Даҳсола аз мусоидат ба таҳкими сулҳ, ташвиқи муколама ва мусолиҳа, инчунин дастгирии таомул миёни наслҳо, аз ҷумла кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон, бо назардошти ниёзҳо ва манфиатҳои наслҳои оянда дар таҳияи сиёсат ва равандҳои қабули қарорҳо иборат мебошанд.
Дар идомаи ҳамоиши мазкур Назира Иномзода, муовини директор оид ба тарбия қайд намуд, ки ин иқдоми таърихӣ бори дигар мақому нуфузи байналмилалии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар ва Пешвои миллатро ҳамчун ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ собит сохт. Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши ҳамдигарфаҳмӣ, пешгирии низоъҳо ва фароҳам овардани ҷаҳони амну осуда барои наслҳои оянда мебошад. Қабули ин қатънома бозгӯи он аст, ки сиёсати сулҳҷӯёна ва созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди эътирофу пуштибонии ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, барои таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзишманд мегузорад.
Фарҳод Маҳмудӣ, муовини директор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ дар баромади худ иброз дошт, ки ин рӯйдоди таърихӣ боз як далели равшани нуфузу эътибори байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Мо аз чунин дастоварди бузурги ватани соҳибистиқлоламон самимона ифтихор дошта, барои сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат, ки Тоҷикистонро ба кишвари ташаббускор ва эътирофшудаи арсаи байналмилалӣ табдил додааст, изҳори сипосу миннатдорӣ менамоем.
Зӯҳро Умарова, декани факултети сохтмон ва нақлиёт дар баромади худ зикр кард, ки дар арафаи Рӯзи Ваҳдати миллӣ ин муждаи фараҳбахш барои тамоми мардуми кишвар, туҳфаи арзишманд ва мояи сарфарозист. Итминон дорем, ки таҳти сиёсати созандаву сулҳпарваронаи Роҳбари давлат Тоҷикистони азиз минбаъд низ бо ташаббусҳои башардӯстона дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро боз ҳам таҳким бахшида, барои сулҳу субот ва рушди устувори ҷаҳон саҳми муассир мегузорад.
Дар анҷоми мизи мудаввар таъкид шуд, ки ҷомеаи меҳнатии Донишкада политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо арҷгузорӣ ба арзишҳои муқаддаси сулҳу ваҳдат, ҳамеша ҷонибдори сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ҳифзи истиқлол, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободии Ватани азиз саҳми худро дареғ нахоҳанд дошт.
Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО